Суғд: Ҳафтаи худидоракунии донишҷӯён
Душанбе, 25.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон ва шиноскунии донишҷӯён бо низоми давлатдорию идора, ҷалби онҳо ба фаъолияти амалии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 11-ум то 16 майи соли равон «Ҳафтаи иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идораи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят» гузаронида мешавад.
Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, ҳафтаи иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идораи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ гузаронида шуда, ба иштирокчиён Гувоҳномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба иштирок дар «Ҳафтаи иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идораи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят» дода мешавад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






