Суғд: ҳалокати 26 нафар зимни садамаҳои нақлиётӣ
Хуҷанд, 13.02.2015. (АМИТ «Ховар»,Абдуаҳад Шарифзода).-Содиршавии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ дар роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди вилояти Суғд бо иштироки ронандагон ва иштирокчиёни ҳаракати роҳ аз аввали сол инҷониб афзудааст.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд иттилоъ доданд, чанде қабл дар ҳудуди ноҳияи Спитамен дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ бо айби ронандаи мошини мусофиркаш, ки дар натиҷаи идора карда натавонистани нақлиёт ба самти муқобили роҳ баромада, ба мошини Камаз бармехӯрад, ки дар натича 4 нафар мусофири мошини Газел ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошт. Дар айни замон ҷароҳатбардоштагон зери назорати духтурони беморхонаи марказии ноҳиявӣ қарор доранд.
Дар маҷмӯъ, дар давоми 1 моҳу 10 рӯзи соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди қаламрави вилоят 38 ҳодисаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки бар асари он 26 кас ҳалок гардида, 47 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошт.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






