Суғд: Соҳибкорон як сол аз пардохти иҷорапулӣ озод гардиданд
Душанбе, 24.02.2015 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Марказҳои савдои «Тоҷир», «Баҳор» ва «Сино», ки бар асари сӯхтор дар таърихи 15-уми ноябри соли 2014 ба коми оташ рафта буданд, пас аз таҷдид дубора ба истифода дода шуданд.
Дирӯз раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади иштирок дар маросими ба истифодадиҳии марказҳои савдо ба ин макон омада, бо сифати корҳои сохтмонӣ аз наздик шинос шуд. Тавре ки таъкид гардид, марказҳои савдо бо тарҳи наву замонавӣ бунёд гардида, соҳибкорон имкон пайдо намуданд, ки дар дӯконҳои замонавӣ ба кори худ оғоз бахшанд.
Зимни боздид раиси вилоят таъкид намуд, ки бо мақсади дастгирии соҳибкороне, ки аз сӯхтор зарар диданд, онҳо дар давоми як сол аз пардохти иҷорапулӣ озод ҳастанд.
Баъди мавриди истифода қарор гирифтани марказҳои савдо соҳибкорон низ соҳиби ҷойҳои корӣ гардиданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






