Суқути ҳавопаймои амрикоӣ
Душанбе,13.02.2015. (АМИТ «Ховар».-Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Роҳбари вилояти Қундузи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар нишасти хабарӣ ба ҳукуматдорони кишвараш барои дар як силсила минтақаҳои вилоят қарор доштани силоҳбадастони гурӯҳи ифротгарои «Давлати исломӣ» хабар дод. Тибқи иттилои расида, дар Дашти Арчи ва Чордара қариб 70 нафар силоҳбадасти «Давлати исломӣ» мустақар гардидааст.
Душанбе,13.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Би-Би-Си-дар қисми ҷанубу ғарбии Кения бар асари хурӯҷи бемории вабо 7 нафар ба ҳалокат расида, 80 нафари дигар бистарӣ гардид. Ба гуфти мутахассисони соҳаи тибб вазъи саломатии аксари шахсони сироятёфта вазнин мебошад. Ҳукуматдорони кишвар аз роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистонҳо ва сокинони кишвар даъват намуданд, ки барои пешгирӣ намудани ин бемории марговар тамоми қоидаҳои беҳдоштро риоя намоянд.
Душанбе,13.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз дар наздикии шаҳри Майамии штати Флоридаи Амрико як ҳавопаймо «Бичкрафт 1900» суқут карда, дар ҷои ҳодиса 4 нафар ба ҳалокат расид. Гуфта мешавад, ки ҳавопаймо аз фурудгоҳи Кендал ба ҷазираи Теркс ва Кайкос парвоз анҷом медод. Мутахассисон сабабҳои ба фалокат дучор шудани ҳавопайморо дар пайдо шудани нуқси техникӣ нишон медиҳанд.
Душанбе,13.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Ҳафтаи равон дар яке аз минтақаҳои кӯҳии қисми шимолии Нигерия, ки бо Камерун ҳамсарҳад мебошад, ҷангиёни гурӯҳи «Боко Ҳарам» ба автобуси ҳомили духтарон ҳамла намуда, 30 нафар духтарро маҳкум намуданд. Ҳукуматдорони Нигерия ин амали зишти силоҳбадастонро қотеъона меноманд.Бояд гуфт, ки 26-уми июли соли 2014 силоҳбадастони гурӯҳи «Боко Ҳарам» аз дохили мактаби духтаронаи шаҳри Чибокии штати Борнои Нигерия 300 толибилмро ба асорат гирифт.
Душанбе,13.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Рашн-Ту-Дей ҷониби Юнон ва гурӯҳи аврупоӣ зимни вохӯрии навбатӣ дар мавриди иҷрои барномаи расонидани кумаки молиявӣ ба Юнон ягон хулосаи аниқ бароварда натавонистанд. Гуфтан ба маврид аст, ки гуфтушуниди навбатии ҷонибҳо 16-уми феврали соли ҷорӣ доир мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст






