Тағйиротҳои кадрӣ
Душанбе, 18.02.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар доираи иҷрои қарорҳои ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси эродҳои Раиси Шӯрои амният, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба кори мақомоти назоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва камбудию норасоиҳои ҷиддии роҳдодаи онҳо қабул шудааст, як қатор тағйироти кадрӣ анҷом дода шуд.Ҳамин тариқ, бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Тоҳир Ҷобирзода, муовинҳои директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Раҷабалӣ Ширинов ва Миллопар Бандишозода аз вазифаҳои ишғолнамуда сабукдуш гардиданд.Ҳамчунин дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти кишвар дода шуд, аз ҷониби прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмонов прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Муҳаммад Арбобов ва роҳбарони прокуратураҳои вилоятҳои Суғду Хатлон Шариф Қурбонзода ва Сироҷиддин Нурзода ва ҳам прокурори шаҳри Душанбе Мирзошариф Шарифзода аз вазифа озод карда шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






