Таҳкими ҳамкориҳо дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ
Душанбе, 25.02. 2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Дирӯз мулоқоти муовини аввали вазири корҳои дохилӣ Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бо вобастаи низомии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Беҳзоди Рафеъӣ баргузор гардид.
Тибқи иттилои ВКД ҶТ, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон «Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими амният ва мубориза бо ҷинояткорӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Беҳзоди Рафеъӣ аз пазироии гарму самимонаи муовини аввали вазири корҳои дохилӣ изҳори сипос намуда, вохӯрии вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзодаро бо вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдулризо Раҳмонии Фазлӣ қадами қатъӣ дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ арзёбӣ намуд.
Мавриди зикр аст, ки ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Эрон сол аз сол рушду инкишоф ёфта, робитаҳои сиёсӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ-маданӣ беш аз пеш тақвият меёбанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






