Таҷлили Рӯзи Артиш дар қисми низомии 21-33
Ҳамадонӣ, 24.02.2015 (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Бахшида ба рӯзи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи кишвар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳамадонӣ ҷавонону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагониро баҳри шиносоӣ бо шароити буду боши сарбозону афсарон ба қисми низомии 21-33-и қӯшунҳои сарҳадии Вазорати мудофиа сафарбар намуданд.
Дар қисми низомӣ бахшида ба ин санаи фархунда рӯзи дарҳои кушод ташкил шуд ва ҷавонону наврасон бо техникаи ҳарбӣ, шароити маишӣ ва машқҳои ҳарбии сарбозон ошно гардиданд.
Дар кисми низомии мазкур мусобиқаҳои варзишӣ тащкил шуданд, ки дар онҳо дастаҳои ҷавонону наврасон, сарбозони қисми низомӣ бо ҳам рақобат намуданд.
Дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳияи Фархор низ чорабиниҳои маърифатӣ бахшида ба ин сана доир гардиданд, ки дар он афсарону аскарони қисмҳои низомӣ, комисариати ҳарбӣ ва собиқадорони ҷангу меҳнат иштирок карданд.
Дар ин рӯз роҳбарияти ноҳияи Фархор ва волидайни сарбозон ба комендатураи сарҳадии ноҳия рафтанд. Роҳбарияти ноҳия сарбозону афсарон ва дар шахси онҳо тамоми сарбозону афсарони қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрику таҳният гуфтанд.
Дар интиҳо ба сарбозону афсарон барои хизматҳои содиқонаашон дар муҳофизати марзу буми кишвар ифтихорнома ва туҳфаҳои идона супорида шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






