Таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ дар ДМИТ

Февраль 24, 2015 15:29

Душанбе, 24.02.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Ба ифтихори 22-юмин солгарди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврал дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) чорабинии фарҳангиву маърифатӣ доир гардид.
Тавре ки аз ДМИТ иттилоъ доданд,  дар ҷамъомади тантанавӣ муовини ректор оид ба таълим Илҳомуддин Иброҳимов иброз дошт, ки Артиши миллии мо дар ин солҳо аз озмоишҳои шадид гузашт ва имрӯз ба як неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфта, баҳри ҳифзи боэътимоди марзу буми кишвари маҳбубамон собитқадамона рушду такомул меёбад.  Ҷои зикр аст, ки таҳаввулот ва ҳодисоте, ки дар вақтҳои охир бархе аз кишварҳоро фаро гирифтаанд, моро водор месозанд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва масъулияти шаҳрвандии хешро боло бардорем. Ҳар як ҷавонмард бояд донад, ки дӯст доштани Ватан- ин дар арҷгузории арзишҳои миллӣ, пос доштану ҳифз намудани ҳар як ваҷаб замини диёр ва дар худшиносию ифтихори миллӣ ҳувайдо мегардад.  
Инчунин дар ҷамъомад чанд нафар собиқадори ҷанги Афғонистон ва мақомоти қудратии кишвар, аз ҷумла Миралӣ Шодмонов, Муродалӣ Давлатов, Нусратулло Ашӯров, Бегмурод Раҷабов ва Маҳмадулло Зуҳуров бо фармоиши вазири мудофиаи ҶТ бо медалҳои ҷашнии Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ сарфароз гардиданд. 
 
 
 
 

Февраль 24, 2015 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд