Таъмини Қувваҳои мусаллаҳ бо маҳсулоти босифати ватанӣ

Февраль 10, 2015 09:46

Душанбе, 10.02.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Баҳри таъмини ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо маводи хӯрокӣ, либоси низомӣ, пойфзол ва дигар амволи босифати ватанӣ, аз ҷониби масъулини Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, чанде пеш дар Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки масъулини ақибгоҳии сохторҳои қудратӣ, роҳбарону намояндагони корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар масъулини дахлдори вазорату идораҳои давлатӣ ҷамъомад доир гардид. Қабл аз оғози ҷамъомад, барои иштирокчиёни он намоишгоҳи либоси низомӣ, пойфзолу дигар амволи ашёӣ, маҳсулоти полезиву донагӣ ва маводи хӯрокворӣ, ки аз ҷониби корхонаҳои ватанӣ истеҳсол мегарданд, ташкил шуд.
Дар ҷамъомаде, ки вобаста ба таъминоти Қувваҳои Мусаллаҳ бо молу маҳсулот доир гардид, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Лолахон дар мавриди ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олӣ  ҳарф зад ва самтҳои татбиқи амалии он мавриди пешниҳод қарор гирифтанд.
 Дар ҷамъомад ҳамчунин роҳҳои коркарду самаранок истифода намудани замини кишти хоҷагиҳои ёрирасон, тақвият бахшидани чорводорӣ, парвариши паранда, моҳӣ ва рушди минбаъдаи корхонаҳои истеҳсолӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Зимни пешниҳоди масъулини ақибгоҳии қисмҳои низомӣ ва роҳбарону намояндагони корхонаҳои истеҳсолӣ таъкид гардид, ки ба коркарди сифати маҳсулот диққати ҷиддӣ равона гардад, то талаботи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аз ҳар ҷиҳат қонеъ шавад.
 
 

Февраль 10, 2015 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд