Тасдиқи созишномаи байни Тоҷикистону Покистон
Душанбе, 04.02.2015. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба таъсиси гурўҳи кории муштараки мубориза бар зидди терроризми байналмилалиро ба вакилони мардумй муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурҷон Умаров ва вакили Мачлиси намояндагон Саттор Холов муаррифӣ намуданд.
Онҳо иброз намуданд, ки Созишнома аз муқаддима ва 9 модда иборат буда, дар муқаддима мақсад ва мароми ба имзо расидани Созишнома баён шудааст.
Дар моддаҳои 1 ва 2 Созишнома ҳадафҳо ва доираи вазифаҳои Тарафҳо муқаррар гардидаанд.
Тибқи муқаррароти моддаи 3 ҳамкории бисёрҷонибаи гурўҳи муштараки корӣ дар самти мутобиқат сохтан ва васеъ намудани ҳамкориҳо оид ба масъалаҳои маъракаи ҷаҳонӣ бар зидди терроризм дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар муассисаҳои махсус муайян шуда, дар моддаи 4 мақомоти ваколатдори Тарафҳо пешбинӣ гардидааст.
Муқаррароти моддаи 5 Созишномаи номбурда тартиби фаъолияти гурўҳҳои якҷояи кориро оид ба мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ дар қаламрави Тарафҳо ифода намудааст.
Ҳалли ихтилофоти байни Тарафҳо ҳангоми тафсир ё татбиқи Созишномаи мазкур, дахолат накардан ба ҳуқуқ ва уҳдадории Тарафҳо, ки аз дигар шартномаҳои байналмилалӣ сарчашма мегиранд, инчунин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳамин Созишнома ва муҳлати эътибор пайдо намудан, муҳлат ва тартиби қатъи амали онро моддаҳои 6, 7, 8 ва 9 ба танзим даровардааст.
Инчунин дар ҷаласа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»-ро вакил аз ҳавзаи интихоботии Ашт Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад баррасй намуд.
Мавсуф изҳор намуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгўии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи қонунгузории гражданӣ ва соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2015» ва мутобиқгардонии санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурӣ, ки ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагонро таъмин мекунад, ба қонунгузории Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳия ва пешниҳод шудааст.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуданд.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






