Ташрифи ҳайатҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон

Февраль 27, 2015 08:37

Душанбе, 27.02.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз бо сафари корӣ муовини аввали вазири мудофиаи Федератсияи Русия Аркадий Бахин  ба Душанбе ташриф овард.
Тавре ки аз Вазорати корҳоии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 26 феврал ҳайати Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо роҳбарии раиси Кумитаи иҷроия-Котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил С.Н. Лебедев ба  ҳайси роҳбари нозирони ИДМ дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Душанбе омад.
    Инчунин 28 феврал — 3 марти соли 2015 ҳайати вакилони Парлумони Аврупо ба ҳайси нозирони интихоботи парлумонӣ ва ҳайати нозирон аз  Созмони ҳамкории Шанхай дар интихоботи парлумонӣ бо роҳбарии муовини Котиби генералии Созмони Ҳамкории Шанхай С. Имандосов ба Душанбе меоянд.
    Дар назар аст, ки 3-4 марти соли 2015 сафари кории Сафири Фавқулода ва Мухтори Австралия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (муқими шаҳри Маскав)  Пол Майлер  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирад. 
 
 

Февраль 27, 2015 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид