Таъсиси марказҳои пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон

Февраль 25, 2015 15:31

      Душанбе, 25.02.2015. (АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода).-  Минбаъд соҳибкорони кишвар метавонанд барои рушди тиҷорати худ аз марказҳои пешбурди тиҷорат ба таври ройгон машварат гирифта, дар рушди  иқтисодиёти  кишвар  саҳми  арзанда  гузоранд.  Фаъолияти марказҳои мазкур дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ дар шаҳрҳои марказии кишвар, аз қабили Душанбе, Хуҷанд, Қурғонтеппа ба роҳ монда шуда, ҳадафи онҳо ташкили доимии хизматрасонии машваратӣ ва омӯзишӣ дар асоси ниёзҳои соҳибкорони кишвар маҳсуб мешавад. 
        «Марказҳои пешбурди тиҷорат катализаторҳои иқтидори тиҷоратю содиротӣ ва нуқтаи баромади истеҳсолкунандагони ватанӣ  ба бозорҳои ҷаҳонӣ мебошанд, ки ҷиҳати рақобатпазирии истеҳсолкунандагони ватанӣ на танҳо дар бозори дохилӣ, балки дар бозорҳои хориҷӣ низ мусоидат мекунанд»,-иброз дошт  Шариф Саид-раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 25 феврал зимни нишасти хабарӣ. Ба гуфтаи мавсуф таъсиси марказҳои пешбурди тиҷорат дар назди Палатаи савдо ва саноати кишвар самараи ҳамкориҳои миёни ин ниҳод  ва  Барномаи рушди СММ (БРСММ) мебошад.         
          Ба иттилои  Рустам Шодибеков-мушовири лоиҳаи  «Мусоидат ба тиҷорат»-и Барномаи рушди СММ дар бахши хизматрасониҳои  Марказҳои пешбурди тиҷорат оид ба боло бурдани  иқтидори  тиҷоратии соҳибкорон дар муддати кӯтоҳ (6 моҳ) шаш силсилаомӯзиш дар мавзӯъҳои  гуногун, аз ҷумла  стандартҳои байналмилалии сифат «ISO» ва «НАССР», иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалиӣ, низоми андозбандӣ, танзими тартиботи  содиротӣ ва воридотӣ, инчунин  оиди бурдани тиҷорат бо ширкатҳои туркӣ   гузаронида  шуданд. «Ҳамагӣ дар ин омӯзишҳо беш аз 200 соҳибкор ширкат варзид, ки 93%-и он аз ин хизматрасонӣ қонеъ шуд», — афзуд   Рустам Шодибеков.
     Дар самти   таъмини  марказҳои пешбурди тиҷорат бо кормандон  масъулин иброз доштанд, ки барои фаъолияти онҳо пеш аз ҳама коршиносони бахши иқтисод ҷалб хоҳанд шуд. «Минбаъд соҳибкорони ботаҷрибаи кишвар  низ метавонанд дар ин марказҳо ба сифати машваратчӣ фаъолият намоянд»,-иброз дошт Парвиз Акрамов- ҳамоҳангсози  лоиҳаи «Мусоидат ба тиҷорат»-и БР  СММ.
 
 

Февраль 25, 2015 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид