Тавилдара: Сарбозон содиқона хизмат хоҳанд кард

Февраль 24, 2015 10:20

Душанбе, 24.02.2015 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Бахшида ба Рӯзи таъсиси Артиши миллӣ дар қисми ҳарбии 02011-и Вазорати мудофиа дар деҳаи Лухарвии ҷамоати деҳоти Сангвори ноҳияи Тавилдара  чорабинии идона баргузор гардид.
Тибқи иттилои мудири Бахши фарҳанги ин ноҳия Сабоҳат Қурбонова, дар чорабинӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, волидон ва наздикони сарбозону афсарон ширкат намуданд.
Раиси ноҳия Ҳиммати Ғайрат  тамоми хизматчиёни ҳарбӣ, ҳомиёни ватанро бо 22-солагии таъсиси Артиши миллӣ табрик намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки сарбозони ватан ҳамеша барои ҳимояи марзу тамомияти кишвари маҳбубамон содиқона хизмат хоҳанд кард. 
Ҳ. Ғайрат аз комёбиҳои хизматчиёни ҳарбӣ дар тӯли ин солҳо ёдовар шуда, хизматчиёни ҳарбиро таъкид бар он намуд, ки минбаъд низ баҳри рушди артиш ва боз ҳам пурқудрат намудани Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар роҳи баланд бардоштани иқтидори мудофиавии давлати соҳибистиқлол бояд ҷаҳду талош намуд. 
Дар интиҳо афсарону сарбозоне, ки хизмати хубу бенуқсон доранд, бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуда, аз ҷониби Бахши фарҳанги мақомоти ноҳия барномаи ҷолиби консертӣ пешкаш гардид.
 

Февраль 24, 2015 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид