Тавзеҳи тартиби овоздиҳӣ ба интихобкунандагон

Февраль 19, 2015 08:47

Душанбе, 19.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи беҳтар намудани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ оид ба омодагӣ ва баргузории интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳо, ба мардум фаҳмонидани муҳимияти ин маъракаи сиёсӣ, ҳуқуқҳои  конститутсионии шаҳрвандон, тартиби иштирок дар интихобот 18 феврали соли 2015  дар чор бозори калонтарини шаҳри Душанбе бо иштироки кормандони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, комиссияҳои поёнии интихоботӣ суҳбату вохӯриҳо баргузор гардиданд.
Дар суҳбату вохӯриҳо ҳуқуқҳо ва масъулиятҳои шаҳрвандон дар раванди интихобот, рӯзи баргузории интихобот, тартиби овоздиҳӣ, тарзи пур кардани бюллетенҳои интихоботӣ ва дигар паҳлӯҳои ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ шарҳу тавзеҳ дода шуданд.
Ҳамчунин ба аҳли суҳбат ва вохӯриҳо оид ба ҳизбҳои сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштироки онҳо дар маъракаи интихобот, барномаҳои пешазинтихоботии онҳо, номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ маълумоти муфассал дода шуд.
Вохӯриву суҳбатҳо дар фазои озод ва самимӣ сурат гирифтанд. 
Миқдори зиёди маводи тарғиботиву ташвиқотӣ, аз ҷумла китобчаи «Саволу ҷавобҳо доир ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо», плакатҳо, буклетҳо ва тақвимҳои даъваткунанда барои иштирок дар интихобот, ки аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ омода гардида, бо ҷалби волонтёрҳо ба мардум тақсим шуданд.
Дар назар дошта шудааст, ки минбаъд чунин чорабиниҳо дар ҷойҳои ҷамъиятие, ки шумораи зиёди шаҳрвандон ҷамъ мешаванд, баргузор гарданд.
 
 
 
 
 
 

Февраль 19, 2015 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд