Теҳрон: Мулоқоти Р. Раҳимзода бо Зулфагорӣ

Февраль 19, 2015 10:05

 
Душанбе, 19.02.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дирӯз  дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Теҳрон вазири корҳои дохилии ҶТ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва ҳайати ҳамроҳони ӯро муовини ВКД оид ба корҳои амниятӣ ва интизомии кишвари Эрон оғои Зулфагорӣ пешвоз гирифт.
Зимни вохӯрӣ оғои Зулфагорӣ ҳайати мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хайра мақдам гуфта, аз ташрифи онҳо ба куҳандиёри Ҷумҳурии Исломии Эрон ва баргузории мулоқот изҳори хушнудӣ намуд.
Дар ҷараёни мулоқот роҳҳои мубориза  бо ҷинояткорӣ, бахусус терроризму экстремизм, сепаратизм, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷиҳати мубодилаи ахбор дар самти  мубориза бо ин зуҳуроти ба ҷаҳони мутамаддин таҳдидкунанда таклифҳои судманд пешниҳод гардид.
Дар айни замон сафари вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба Ҷумҳурии Исломии Эрон идома дорад.
Дар ин бора ВКД ҶТ иттилоъ медиҳад.

 

Февраль 19, 2015 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид