Теҳрон: Мулоқоти Р. Раҳимзода бо Зулфагорӣ
Душанбе, 19.02.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дирӯз дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Теҳрон вазири корҳои дохилии ҶТ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва ҳайати ҳамроҳони ӯро муовини ВКД оид ба корҳои амниятӣ ва интизомии кишвари Эрон оғои Зулфагорӣ пешвоз гирифт.
Зимни вохӯрӣ оғои Зулфагорӣ ҳайати мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хайра мақдам гуфта, аз ташрифи онҳо ба куҳандиёри Ҷумҳурии Исломии Эрон ва баргузории мулоқот изҳори хушнудӣ намуд.
Дар ҷараёни мулоқот роҳҳои мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус терроризму экстремизм, сепаратизм, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷиҳати мубодилаи ахбор дар самти мубориза бо ин зуҳуроти ба ҷаҳони мутамаддин таҳдидкунанда таклифҳои судманд пешниҳод гардид.
Дар айни замон сафари вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба Ҷумҳурии Исломии Эрон идома дорад.
Дар ин бора ВКД ҶТ иттилоъ медиҳад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






