Тоҷикистону Русия бояд имкониятҳои ҳамкории судмандро истифода намоянд

Февраль 17, 2015 11:18

Душанбе, 17.02.2015. (АМИТ «Ховар»,  Кристина Эрлих).- 16  феврал  раиси  Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикистон  Шариф  Саид  дар  шаҳри  Душанбе бо сафири Федератсияи  Русия  дар  Тоҷикистон Игор Лякин — Фролов  мулоқот  анҷом дод. 
Назар ба  иттилоои  ПСС  ҶТ,  дар  ҷараёни  мулоқот  доираи  васеи  масоили  ҳамкории  дуҷонибаи  ҳар  ду  кишвар  дар   бахши  иқтисодиёт баррасӣ  шуд.  Мусоҳибон изҳор  доштанд, ки  барои  рушду  густариши ҳамкории мутақобилан муфид  бахшҳои  мушаххас  мавҷуданд. 
Зикр  шуд, ки  алҳол  дар   ҳудуди  Тоҷикистон  беш  аз  100 корхона  бо  истифода  аз  сармояи   Русия дар  бахшҳои  гидроэнергетика, иктишофи  канданиҳои   фоиданок  ва  сохтмону  савдо  фаъолият  доранд. Русия  шарики   асосии   тиҷоратию  иқтисодии Тоҷикистон  маҳсуб  ёфта, ҳиссаи  он  дар  соҳаи  тиҷорати  ҷумҳурӣ  беш  аз  20  фоизро ташкил  медиҳад.
Шариф  Саид  ҳамчунин таваҷҷуҳи  дипломати Русияро  ба  зарурати  таъсис  додани  Шӯрои   соҳибкорони  Русия  ва  Тоҷикистон  ҷалб намуд, ки он  ба таҳкими   муносибатҳои  байнидавлатӣ  мусоидат  хоҳад  кард.
Игор Лякин — Фролов  дар навбати  худ  аҳамияти табодули  иттилооти дорои хусусияти  иқтисодию  тиҷоратиро  зикр  карда, иброз  дошт, ки ҷониби  Русия имкониятҳои Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикистонро дар соҳаи  мазкур   истифода  менамояд.
 

Февраль 17, 2015 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид