Тоҷикистону Русия бояд имкониятҳои ҳамкории судмандро истифода намоянд
Душанбе, 17.02.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 16 феврал раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид дар шаҳри Душанбе бо сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин — Фролов мулоқот анҷом дод.
Назар ба иттилоои ПСС ҶТ, дар ҷараёни мулоқот доираи васеи масоили ҳамкории дуҷонибаи ҳар ду кишвар дар бахши иқтисодиёт баррасӣ шуд. Мусоҳибон изҳор доштанд, ки барои рушду густариши ҳамкории мутақобилан муфид бахшҳои мушаххас мавҷуданд.
Зикр шуд, ки алҳол дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 100 корхона бо истифода аз сармояи Русия дар бахшҳои гидроэнергетика, иктишофи канданиҳои фоиданок ва сохтмону савдо фаъолият доранд. Русия шарики асосии тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳиссаи он дар соҳаи тиҷорати ҷумҳурӣ беш аз 20 фоизро ташкил медиҳад.
Шариф Саид ҳамчунин таваҷҷуҳи дипломати Русияро ба зарурати таъсис додани Шӯрои соҳибкорони Русия ва Тоҷикистон ҷалб намуд, ки он ба таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ мусоидат хоҳад кард.
Игор Лякин — Фролов дар навбати худ аҳамияти табодули иттилооти дорои хусусияти иқтисодию тиҷоратиро зикр карда, иброз дошт, ки ҷониби Русия имкониятҳои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистонро дар соҳаи мазкур истифода менамояд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






