Вазъи муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ дар кадом сатҳ аст?
Душанбе, 27.02.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). -Ба иттилои сардори Раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Нурулло Назаров ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кўҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2013-2015» дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои қабулкунанда ва интиқолдиҳандаи муҳоҷирони дохилӣ корҳои омодагӣ ҷиҳати сари вақт таъмин намудан бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва қарзи имтиёзнок ба муҳоҷирони тибқи нақша кўчонидашаванда ҳамкориро пурзӯр намуда, бо мусоид гардидани боду ҳаво кўчонидани муҳоҷирон оғоз мегардад.
Ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ва Муассисаи давлатии Минтақаи зериобшавандаи НБО- Роғун дар байни аҳолие, ки дар марҳилаи дуюми кўчонидан аз минтақаи зериобмонӣ қарор доранд, корҳои омодагӣ ҷиҳати кўчонидани онҳо идома доранд.
Тибқи нақшаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 бояд 350 хоҷагӣ аз мавзеъҳои хавфнок ба мавзеъҳои бехавф кўчонида шавад. Дар айни замон рўйхати муҳоҷирон таҳия гардида, бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа гардида, он рўзҳои наздик ба Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода барои баррасӣ пешниҳод мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






