ВКД ҶТ: Мусодираи ҳаҷми калони маводи мухаддир

Февраль 24, 2015 13:01

Душанбе, 24.02.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҳафтаи сипаригардида аз ҷониби кормандони милитсия  шаҳрванд Шеравган Искандаров, соли таваллудаш 1971 ва Камолиддин Мадхолов, соли таваллудаш 1977, сокинони шаҳри Душанбе бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир шуданд. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз онҳо 44 дона хабҳои ба моддаҳои психотропии навъи (МДМА 3,4 метиллендиоксиметафетанин) мансуб буда,  ки вазни умумиашон 10,717-граммро ташкил медиҳад, дарёфт ва мусодира шуд. Дар ин бора ВКД ҶТ хабар медиҳад.
Манбаъ ҳамчунин иттилоъ медиҳад, ки 21-уми феврал дар натиҷаи гузаронидани як амалиёти махсус дар деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ шаҳрванд Хуршед Гадоев, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Шӯрообод  дастгир гардид, ки дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ 564-грамм маводи нашъадори бангдона дарёфт ва мусодира шуд.
«Ҳамин тариқ, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар ноҳияи Панҷ шаҳрванд Зоиршоҳ Шоҳсаидов, соли таваллудаш 1987, сокини ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир шуд, ки зимни кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтааш 14 кг 770 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид. 
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш дар ин самт идома дорад»,-зикр менамояд сарчашма.

Февраль 24, 2015 13:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад