Вохӯрии намояндагони ИҶТ дар Турсунзода
Душанбе, 20.02.2015 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Имрӯз дар ҷамоати деҳоти Регар ва толори Хонаи фарҳанги маркази шаҳри Турсунзода мулоқоти намояндагони Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо хонандагони макотиби миёна, донишҷӯёни коллеҷҳо ва ҷавонони фаъоли шаҳр баргузор гардид.
Чорабиниро мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Турсунзода Рабеҳ Шарипов оғоз намуда, чанд сухани ифтитоҳӣ вобаста ба мулоқот баён намуд.
Намояндагони Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Фаридун Давлатов ва Наврӯз Қурбонов мақсад аз баргузории вохӯриро суҳбати озоду ошкоро бо ҷавонон арзёбӣ карда, роҷеъ ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии ҷавонон маърӯза намуданд.
Дар мулоқот гуфта шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат ва роҳбари давлат нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, пайваста ташаббуси онҳо дастгирӣ ва амалӣ мешаванд.
Изҳор гардид, ки ҷавонони фаъоли шаҳри Турсунзода аз имкониятҳои фароҳамоварда самаранок истифода намуда, донишу маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии худро баланд бардоранд, зеро ба таъкиди намояндагон танҳо ҷавонони дорои дониши баланд имкони муаррифии кишварро дар сатҳи байналмилалӣ доранд.
Ёдовар мегардем, ки чунин силсиламулоқоту чорабиниҳо дар давоми ҳафта дар дигар шаҳру навоҳии мамлакат идома меёбанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






