Вохӯрии Р. Латифзода дар вилояти Суғд бо интихобкунандагон
Душанбе, 17.02.2015 (АМИТ «Ховар»).-Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо интихобкунандагон вохӯрӣ гузаронид. Дар вохӯриҳо, ки дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Конибодом, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, Ғончӣ, Зафаробод ва шаҳри Хуҷанд доир гардиданд, Рустам Латифзода бо мардуми маҳаллӣ аз наздик суҳбат карда, доир ба барномаи пешазинтихоботии ҲАТ маълумот дод.
Бо муаррифии нуктаҳои асосии барномаи ҳизбӣ Латифзода аз ҷумла зимни вохӯриҳо изҳор дошт, ки: “Ҳарчанд дар мамлакат маводи озуқа аз рўи аксари намудҳо ба қадри зарурӣ истеҳсол мегардад, баъзе маҳсулоти соҳа, масалан гандум, равған, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ аз хорич ба маротиб зиёд ворид мегардад. Ин ҳолат аз як тараф хатари ҷиддӣ ба амнияти озуқаворӣ дошта, аз тарафи дигар истеҳсолкунандагони ватаниро ба мудохилаи шадиду ногувори маводи хориҷӣ дучор мегардонад.
Аз ин лиҳоз бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва ҳифзи манфиатҳои истеҳсолкунандаи ватанӣ чораҳои самарабахш, аз қабили татбиқи таҷрибаи аз тарафи давлат бо нархҳои кафолатнок харид намудани қисми маҳсулоти истеҳсолнамудаи кишоварзон ва ҷорӣ намудани дигар намудҳои ҳавасмандгардонӣ барои истеҳсолкунандаи ватанӣ бояд андешида шаванд.
Аз сабаби паст будани малакаи касбӣ, риоя накардани агротехнология, истифодаи нокифояи техникаи кишоварзӣ, тухмиҳои сифатнок ва нуриҳои минералӣ самаранокии истеҳсоли маҳсулоти соҳа паст мебошад. Ҳоло як деҳқони мамлакат барои 3-4 нафар маводи озуқа истеҳсол мекунад. Барои муқоиса 1 фермери давлати Исроил 95, ИМА -79, Русия — 15 ҳамватани худро бо маводи озуқа таъмин мекунад. Дар ҳоле, ки теъдоди узви як оилаи деҳотии Тоҷикистон маъмулан ба 6-7 нафар мерасад, заҳмати солонаи аксарияти марди деҳқон барои таъмини талаботи ҳатто оилаи худ кифоя нест. Сарвари давлат таъкид кардааст, ки: “Ба деҳқон бояд шароит фароҳам кард, ки ҳам худаш серу пур бошад ва ҳам дастархони мардумашро ғанӣ гардонад”.
Дар вохўриҳо ҳамчунин оид ба масъалаҳои ҷавонон, мушкилоти шуғлу истироҳати онҳо ва шароити иҷтимоию фарҳангии деҳоти вилоят, чораҳои ҳалли онҳо ва беҳтар кардани шароити кору зиндагии мардуми деҳот, аз ҷумла тавассути таҳияи қонунҳои дахлдор ибрози назар шуд.
Зикр кардан бо маврид аст, ки аз ҳисоби аъзои ҲАТ-и вилояти Суғд номзадии 5 нафар ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Дар ин бора аз маркази матбуоти ҲАТ хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






