Вохӯрии Р. Раҳимзода бо А. Фазлӣ

Февраль 20, 2015 09:19

 Душанбе, 20.02.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дирӯз дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон вохӯрии вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо вазири кишвари Эрон  Абдулризо Раҳмонии Фазлӣ баргузор гардид.
ВКД ҶТ иттилоъ медиҳад, ки вазири кишвари Эрон Абдулризо Раҳмонии Фазлӣ ташрифи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзодаро ба сарзамини Эрон боиси хушнудӣ ва сарфарозӣ арзёбӣ намуда, зикр кард, ки муносибатҳои ин ду давлати дӯсту бародар ва ҳамзабону ҳамфарҳанг дар ҳамаи самтҳо тақвият ёфта,  барои  тараққиёти соҳаҳои гуногуни ин ду кишвар заминаи мусоид фароҳам меоваранд.   
Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили марбут ба терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва хариду фурӯши силоҳ ибрози андеша намуда, барои пешгирӣ ва мубориза бурдан бо хатарҳои ҷаҳони муосир мубодилаи афкор намуданд.
Дар айни замон сафари вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дар Ҷумҳурии Исломии Эрон идома дорад.

Февраль 20, 2015 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст