Вохӯрии созандаи Кумитаи ҷавонон дар Сарбанд

Февраль 19, 2015 16:17

Душанбе, 19.02.2015 (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсии ҷавонон, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстию ватанпарстӣ ва пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти  Хатлон суҳбату вохӯриҳоро доир менамояд.   
Чунин як вохӯрии судманд дар толори муассисаи таълимии №4- и ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Сарбанд доир гардид. 
Дар вохӯрӣ масъулин бо намояндагони ҷавонон, занон, пешоёни дин, падару модарон  ва дигар аҳли ҷамоат мулоқот намуда, дар бораи  тарбияи ҷавонон, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар амалҳои номатлуб миёни  ҷавонон суҳбати озоду ошкоро баргузор намуданд.  

Февраль 19, 2015 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст