Вохўрӣ бо интихобкунандагон ва муҳоҷирони меҳнатӣ
Душанбе, 26.02.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе бо интихобкунандагон ва муҳоҷирони меҳнатии ноҳияи Синои пойтахт вохӯрии судманд баргузор намуданд.
Дар он сардорони раёсатҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфтанд.
Бояд зикр намуд, ки дар вохўрии барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) масъалаҳои интихоботи соли ҷорӣ баррасӣ гардида, масъалаҳои қонунгузории нави Федератсияи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди арзёбӣ қарор гирифтанд.
Аъзои ситоди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати муҳоҷирати вазорат М. Маҳмадбеков аз барномаи пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, дастовардҳои ҷумҳурӣ дар марҳилаи аз интихобот то интихобот, номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ ва ғайра ба интихобкунандагон маьлумот дода, аз онҳо даъват ба амал овард, ки рўзи 1 март ба тарафдории ҳизби арзанда ва номзадҳои арзанда овоз диҳанд.
Доир ба масъалаҳои қонунгузории нави Федератсияи Русия дар самти муҳоҷират сардори шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе Э. Турсунов ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас дод.
Дар ин бора Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






