Вохўрии Н. Ализода бо Т. Ахсамбоев
Душанбе, 23.02.2015 (АМИТ «Ховар»).- 23 феврали соли 2015 вохўрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Назирмад Ализода бо муовини вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон, ҳамраиси қисми қазоқистонии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ Талгат Ахсамбиев баргузор гардид.
Зимни мулоқот тарафҳо сатҳи кунунии ҳамкориҳо ва масъалаҳои дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистону Қазоқистонро дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сўзишворию энергетика, транзитӣ-нақлиётӣ, сармоягузорӣ ва мушкилиҳои соҳибкорон мавриди муҳокима қарор дода, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои алоҳидаи иқтисодӣ, ҷалби сармояи қазоқистонӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва таъсиси корхонаҳои муштарак табодули назар намуданд.
Ҷонибҳо зарурати фаъолгардонии кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро, ки баргузории ҷаласаи навбатии он 19-20 марти соли 2015 дар шаҳри Душанбе дар назар аст, ҳамчун механизми таъсирбахш барои муайян намудани самтҳои афзалиятноки муносибатҳои дуҷониба ва мутақобилан муфид қайд карданд.
Мулоқот дар фазои дўстона ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






