Вохўрии Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Қазоқистон
Душанбе, 25.02.2015 (АМИТ «Ховар»).- 25-уми феврали соли 2015 вохўрии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Назирмад Ализода бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон Калмуханбет Касимов баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот самтҳои асосии ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, раванди татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои муштарак дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла дар ҳошияи Созмони ҳамкории Шанхай ва таҳкими пояи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо оид ба тартиби будубоши шаҳрвандон дар ҳудуди кишварҳои якдигар ва дигар масъалаҳои ҷолиби таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






