Вуруди дубораи 182 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба ФР

Февраль 6, 2015 10:48

Душанбе, 6.02.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Ба 182 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз тарафи мақомоти Федеролии муҳоҷирати Русия иҷозаи дубора ворид шудан ба ҳудуди ин кишвар дода шуд. 
 Бино ба гуфтаи  корманди шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии ХМ Дустмурод Умбаров як самти асосии фаъолияти Хадамоти муҳоҷират қабул ва роҳнамоии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо мебошад. Аз ин лиҳоз, барои ҳалли ин масъалаи мубрами рўз аз ҷониби Хадамоти Федералии муҳоҷирати Русия ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шахсоне, ки воридшавиашон ба қаламрави Русия манъ  шудааст, гурӯҳи экспертӣ таъсис дода шуд.
 Аз ҷониби гурўҳи экспертӣ 140 нафар донишҷўи кишвар, ки дар мактабҳои олии Федератсияи Русия таҳсил менамуданд ва 42 нафар шаҳрванди дорои оила, патент, иҷозати кор, иқомат барои зист, бемор ва амволи хона иҷозаи вуруди дубора гирифта, ҳоло бо кумаки кормандони Хадамоти муҳоҷират шаҳрвандони мазкур дар Федератсияи Русия қарор доранд.
Шаҳрвандоне, ки воридшавиашон ба ин кишвар бо сабабҳои номаълум аз ҷониби мақомоти дахлдори Федератсияи Русия   манъ шудааст, доштани ҳуҷҷатҳои асоснок оид ба наздикони оила, донишҷўён, дорои патент, иҷозати кор, иқомат барои зист (Вид на жительство и РВП) беморон ва амволи хона дошта бошанд, метавонанд ба Хадамоти муҳоҷират дар кўчаи Айнӣ-121 ва ё бо   телефони боварии 225-07-19 муроҷиат намоянд.
 

Февраль 6, 2015 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид