Вуруди дубораи 182 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба ФР
Душанбе, 6.02.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Ба 182 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз тарафи мақомоти Федеролии муҳоҷирати Русия иҷозаи дубора ворид шудан ба ҳудуди ин кишвар дода шуд.
Бино ба гуфтаи корманди шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии ХМ Дустмурод Умбаров як самти асосии фаъолияти Хадамоти муҳоҷират қабул ва роҳнамоии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо мебошад. Аз ин лиҳоз, барои ҳалли ин масъалаи мубрами рўз аз ҷониби Хадамоти Федералии муҳоҷирати Русия ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шахсоне, ки воридшавиашон ба қаламрави Русия манъ шудааст, гурӯҳи экспертӣ таъсис дода шуд.
Аз ҷониби гурўҳи экспертӣ 140 нафар донишҷўи кишвар, ки дар мактабҳои олии Федератсияи Русия таҳсил менамуданд ва 42 нафар шаҳрванди дорои оила, патент, иҷозати кор, иқомат барои зист, бемор ва амволи хона иҷозаи вуруди дубора гирифта, ҳоло бо кумаки кормандони Хадамоти муҳоҷират шаҳрвандони мазкур дар Федератсияи Русия қарор доранд.
Шаҳрвандоне, ки воридшавиашон ба ин кишвар бо сабабҳои номаълум аз ҷониби мақомоти дахлдори Федератсияи Русия манъ шудааст, доштани ҳуҷҷатҳои асоснок оид ба наздикони оила, донишҷўён, дорои патент, иҷозати кор, иқомат барои зист (Вид на жительство и РВП) беморон ва амволи хона дошта бошанд, метавонанд ба Хадамоти муҳоҷират дар кўчаи Айнӣ-121 ва ё бо телефони боварии 225-07-19 муроҷиат намоянд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






