Ярмаркаҳои фурӯши ниҳоли дарахтон дар Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб
Қӯрғонтеппа, 17.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Чанде пеш дар шаҳри Қӯрғонтеппа ярмаркаи фурӯши ниҳоли дарахтон баргузор гардид.
Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни суханрониаш дар ҳузури иштирокдорони ин чорабинӣ зикр намуд, ки солҳои охир ба рушди боғдорӣ дар вилояти Хатлон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Ба гуфтаи Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, хоҷагиҳои вилоят беш аз 2 миллион ниҳоли дарахтони гуногунро барои фурӯш тайёр кардаанд. Хоҷагиҳо имкон доранд, ки на фақат вилоят, балки ноҳияҳои дигари ҷумҳуриро низ бо ниҳоли дарахтон таъмин намоянд.
Муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон ва вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Раҳбар аз ярмарка боздид намуданд.
Аз рӯи натиҷаи ярмарка шаҳри Қӯрғонтеппа мақоми аввалро касб намуда, ноҳияи Бохтар ҷойи дуюм ва ноҳияи Хуросон ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Созмондиҳандагони ярмарка бо тӯҳфаю ифтихорномаҳо қадр карда шуданд.
15 феврал дар шаҳри Кӯлоб низ ярмаркаи фурӯши ниҳоли дарахтон баргузор шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






