Ярмаркаи маҳсулоти хӯрокӣ дар ВКД

Февраль 27, 2015 14:11

Душанбе,27.02.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Имрӯз бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва бо мақсади ҳифзи иҷтимоии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар шафати бинои ВКД ҶТ ярмарка ва фурӯши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ доир гардид.
Тибқи иттилои ВКД ҶТ, дар ярмарка маҳсулоти хӯрокворӣ аз хоҷагиҳои ёрирасони ВКД, хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва минтақаи Рашт оварда шуданд. 
Меваю сабзавоти тоза ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи мардум аз қабили пиёзу картошка, караму сабзӣ, гӯшту тухм ва себу нок бо нархи нисбат ба бозорҳои пойтахт арзонтар пешкаши харидорон шуданд.
Нархҳои маҳсулоти хӯрокворӣ чунин буд: як килограмм гӯшт 25 сомонӣ, биринҷ 6 сомонӣ, картошка, пиёз, сабзӣ 1,5 сомонӣ, себу нок 5-7 сомонӣ, 1 дона тухм 50 дирамро ташкил дод.
Бояд зикр намуд, ки чунин ярмаркаҳои маҳсулоти аввалия аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ мунтазам ташкил мешаванд.

Февраль 27, 2015 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид