Юсуф Исҳоқӣ- номи нави муассисаи тиббӣ
Душанбе, 02.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи профессор Юсуф Исҳоқӣ гузошта шуд.
Ин тадбир бо мақсади пос доштани хотираи арбоби давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, собиқ ректори Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино амалӣ шудааст.
Профессор Юсуф Исҳоқӣ аз олимони шинохтаи соҳаи тиб буда, муаллифи зиёда аз 300 мақолаю дастурамал ва монография мебошад.
Марҳум барои хизматҳои шоистааш бо даҳҳо ордену медалҳо, унвони Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон сарфароз гардонида шуда, дорандаи Ҷоизаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино низ гардидааст.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ин тадбир бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






