Ғолибони мусобиқаи минтақавии Ҷоми ФФТ муайян шуданд

Март 3, 2015 09:19

Душанбе, 3.03.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дастаҳои «Равшан» ва «Данғара» аз минтақаи Хатлон, «Хуҷанд» ва «Қайроққум» аз минтақаи Суғд ғолиби марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ дар минтақаҳои Хатлону Суғд шуда, ба марҳилаи ниҳоӣ баромаданд.
Тавре ки дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи кишвар хабар додааст, дар минтақаи Хатлон барои баромадан ба марҳилаи ниҳоӣ 10 даста иштирок кард. Дар бозии ниҳоии марҳилаи пешакии ин мусобиқа, ки дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ баргузор шуд, дастаҳои «Равшан» ва «Данғара» бо ҳам рӯбарӯ шуданд. 
Ба дастаҳои «Равшан», «Данғара», «Хуҷанд» ва «Қайроққум» чор дастаи беҳтарини марҳилаи пешакии минтақаи Душанбе ҳамроҳ мешавад.
Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ, дастаи ҷои якуми минтақаи Суғд ба гурӯҳи «А», дастаи ҷои дуюм ба гурӯҳи «Б» дохил мешавад. «Равшан», ки дар минтақаи Хатлон ҷои аввалро ишғол кардааст ба гурӯҳи «Б» ва иштирокчии бори аввали  мусобиқа дастаи «Данғара» ба гурӯҳи «А» шомил мешаванд. Дастаҳои ҷойҳои 1-уму 4-уми минтақаи Душанбе ба гурӯҳи «Б» ва дастаҳои ҷойҳои 2-юму 3-юм ба гурӯҳи «А» дохил мегарданд.
Гуфта мешавад, ки дар марҳилаи ниҳоӣ бозиҳои гурӯҳӣ аз рӯи низоми  даврӣ дар як давр гузаронида мешаванд. Ҷойҳо дар гурӯҳҳо ба мисли низоми марҳилаи минтақавӣ муайян  мешаванд. Дастаҳои дар гурӯҳҳо зинаҳои якуму дуюмро ишғолкарда дар бозиҳои нимфиналӣ, финалӣ ва бозӣ барои ҷои сеюм ғолиб ва ҷоизадорони мусобиқаро муайян мекунанд.
Ёдрас месозем, ки мукофотпулии Ҷоми ФФТ имсол 45 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Барандаи Ҷом бо 20 ҳазор, финалист бо 15 ҳазор ва дастаи ғолиби ҷои сеюм бо 10 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд.
 

Март 3, 2015 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид