Ғолибони мусобиқаи минтақавии Ҷоми ФФТ муайян шуданд
Душанбе, 3.03.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дастаҳои «Равшан» ва «Данғара» аз минтақаи Хатлон, «Хуҷанд» ва «Қайроққум» аз минтақаи Суғд ғолиби марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ дар минтақаҳои Хатлону Суғд шуда, ба марҳилаи ниҳоӣ баромаданд.
Тавре ки дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи кишвар хабар додааст, дар минтақаи Хатлон барои баромадан ба марҳилаи ниҳоӣ 10 даста иштирок кард. Дар бозии ниҳоии марҳилаи пешакии ин мусобиқа, ки дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ баргузор шуд, дастаҳои «Равшан» ва «Данғара» бо ҳам рӯбарӯ шуданд.
Ба дастаҳои «Равшан», «Данғара», «Хуҷанд» ва «Қайроққум» чор дастаи беҳтарини марҳилаи пешакии минтақаи Душанбе ҳамроҳ мешавад.
Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ, дастаи ҷои якуми минтақаи Суғд ба гурӯҳи «А», дастаи ҷои дуюм ба гурӯҳи «Б» дохил мешавад. «Равшан», ки дар минтақаи Хатлон ҷои аввалро ишғол кардааст ба гурӯҳи «Б» ва иштирокчии бори аввали мусобиқа дастаи «Данғара» ба гурӯҳи «А» шомил мешаванд. Дастаҳои ҷойҳои 1-уму 4-уми минтақаи Душанбе ба гурӯҳи «Б» ва дастаҳои ҷойҳои 2-юму 3-юм ба гурӯҳи «А» дохил мегарданд.
Гуфта мешавад, ки дар марҳилаи ниҳоӣ бозиҳои гурӯҳӣ аз рӯи низоми даврӣ дар як давр гузаронида мешаванд. Ҷойҳо дар гурӯҳҳо ба мисли низоми марҳилаи минтақавӣ муайян мешаванд. Дастаҳои дар гурӯҳҳо зинаҳои якуму дуюмро ишғолкарда дар бозиҳои нимфиналӣ, финалӣ ва бозӣ барои ҷои сеюм ғолиб ва ҷоизадорони мусобиқаро муайян мекунанд.
Ёдрас месозем, ки мукофотпулии Ҷоми ФФТ имсол 45 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Барандаи Ҷом бо 20 ҳазор, финалист бо 15 ҳазор ва дастаи ғолиби ҷои сеюм бо 10 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






