Қадрдонии Ҳ. М. Шмид аз Тоҷикистон ҳамчун ҷонибдори қавии ҳамкориҳои минтақавӣ
Душанбе, 11.03.2015. (АМИТ «Ховар»). — «Ман бо мақсади иштирок дар Муколамаи сатҳи баланди Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ оид ба амният ба Душанбе омадам ва барои тасмими Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати мизбонии марҳилаи дуюми ин муколима изҳори сипос менамоям», — тазаккур дод 11 март ба хабарнигорон пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Эмомалӣ Раҳмон муовини котиби генералии Хадамоти аврупоии фаъолияти хориҷӣ Ҳелга Мария Шмид.
Вай афзуд, ки дар доираи сафари худ ва иштирок дар ин муколама мулоқоти хеле судманд ва муфиди ман бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Ман аз тасмим ва талоши Тоҷикистон ҳамчун ҷонибдори қавии ҳамкориҳои густурдаи минтақавӣ баланд қадрдонӣ намудам. Умедворам, ки дар оянда барои рафъ намудани мушкилоти минтақавӣ ва он чолишҳои ҷаҳонӣ, ки имрӯз ҳамаи мо мувоҷеҳ гаштаем, даст хоҳем ёфт. Танҳо дар амали дастаҷамъона мо метавонем тамоми ин мушкилотро рафъ намоем.
«Ман инчунин имкон доштам мавзуъҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷонибаро низ бо муҳтарам Президент мавриди муҳокима қарор диҳам. Ҷаноби Президент барои идома додани анъанаи хуби муносиботи ҳасана ва ҳамкориҳои густурда бо Иттиҳоди Аврупо изҳори рағбат намуданд. Ҳамчунин масоили марбут ба нақш ва мақоми занон дар ҷомеаро мавриди муҳокима қарор дода, доир ба талошу нақши онҳо табодули афкор намудем», — гуфт дар хотима Ҳелга Мария Шмид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






