Ҳамгироӣ- имкониятҳои нав ва роҳҳои баромадан аз буҳрон
Душанбе, 20.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Чанде пеш дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия ҷаласаи 65-уми Шӯрои иқтисодии кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор шуд, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода иштирок карданд.
Дар аснои Шӯро масъалаҳои ҳамкории кишварҳои иштирокчии ИДМ, аз ҷумла «Нақшаи ҳамкориҳои муштараки кишварҳои иштирокчии ИДМ оид ба иҷрои масъалаҳои муҳими молиявию иқтисодӣ», Маҷмӯи чорабиниҳо барои солҳои 2015-2016 оид ба татбиқи «Барномаи байнидавлатии ҳамкориҳои инноватсионии кишварҳои иштирокчии ИДМ то соли 2020» ва самтҳои асосии ҳамкориҳои кишварҳои ИДМ «Дар соҳаи хоҷагии ҷангал ва саноати ҷангал то давраи соли 2025» мувофиқа намуданд.
Ҳамзамон дар ҷаласа ҳолати соҳибкории хурду миёна дар кишварҳои ба ҳам шарик, масоили андозбандӣ, ҳолати корҳои бойгониҳо, қонунгузорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, дурнамои истеҳсолот, истеъмол ва воридоту содироти маҳсулоти асосӣ барои соли 2015 баррасӣ шуд.
Нимаи дуюми рӯз бо ташаббуси Маркази рушди Иттиҳод ва дастгирии Кумитаи иҷроияи ИДМ Форуми байналмилалии иқтисодии «Ҳамгироӣ- имкониятҳои нав ва роҳҳои баромадан аз буҳрон» баргузор гардид. Дар кори Форум аъзои Шӯрои иқтисодии ИДМ — вазирони рушди иқтисод, молия, саноат, савдо, коршиносон, иттиҳодияҳои соҳавӣ, сармоягузорӣ, сохторҳои бонкӣ, намояндагони судҳои иқтисодии кишварҳои иштирокчии ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва доираи соҳибкорон ширкат намуданд.
Дар Форум масъалаҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ дар кишварҳои аъзои Иттиҳод, аз қабили «Самаранокии энергия ва ҳифзи энергия, лоиҳаҳои инноватсионӣ», «Коридорҳои нақлиётии байналмилалӣ», «Дурнамои ҳамгироии молию пулӣ дар ИДМ» ва «Таъмини фаъолияти соҳибкории хурду миёна дар фазои иқтисодии ИДМ ва Иттиҳоди Авруосиё» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар форуми мазкур вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дар мавзӯи «Ҳамкориҳои иқтисодӣ дар доираи ИДМ ва сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба он» маърӯза намуда, пешниҳодҳои мушаххасро ҷиҳати ҳамгироии иқтисодӣ манзур намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад






