Ҳ. Филпотт: Барои инкишофи ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳанг ва илм талош менамоем
Душанбе, 10.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Бароям шарафи бузург аст, ки дар ин кишвари зебоманзар қарор дорам,- гуфт сафири тозатаъйини Шоҳигарии Британияи Кабир Ҳю Стэнли Филпотт имрӯз пас аз супоридани эътимоднома ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Сафир зикр намуд, ки миёни Британияи Кабиру Тоҷикистон иқтидорҳои ҳамкорӣ хеле зиёданд. Байни Британияи Кабир ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай муносибатҳои созанда ва ҳамкориҳои густурда дар самтҳои мавриди эҳтимоми тарафайн истиқрор шуданд.
«Ба муносибатҳои зич ва ҳамкориҳои муфиди байни кишварҳо дар соҳаҳои сиёсат ва амният таваҷҷуҳи хосса менамоем. Мо инчунин барои густариш ва инкишофи ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳанг ва илм талош менамоем. Ният дорем, ки ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ низ барқарор намоем. Барои рушду нумӯъ ва инкишофи фаъолияти соҳибкории хурд мо имконияти бештар дорем.
Мо метавонем дар ҳамкории муштарак якҷоя самту соҳаҳои бештарро, ки метавонистем дар он ҳамкориҳои муфид ва созандаро барқарор намоем, талош варзем. Боиси хушнудист, ки аллакай чунин ҳамкорӣ ва табодули фарҳангӣ байни Осорхонаи Британия ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар самти табодули намояҳо ва нигораҳои таърихии хазинаи Ому аллакай барқарор шудааст»,-гуфт дар анҷоми суҳбат Ҳю Стэнли Филпотт.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






