Ҳукумат Қонун «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ»-ро ба Парлумон фиристод
Душанбе, 31.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи қонуҳоро дар маҷлиси Ҳукумати кишвар , ки 31 март таҳти раёсати Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, маъқул дониста, барои баррасӣ ва қабул ба палатаи поёнии мамлакат-Маҷлиси намояндагон пешниҳод намуд. Аз ҷумла, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон” инчунин, тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қонунҳо “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” ва “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” ба Парлумон ироа шуданд.
Ҳамзамон дар Маҷлиси Хукумати кишвар «Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» тасдиқ гардид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






