Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба мусоидат ба сармоягузории СҲШ
Душанбе, 12.03.2015 (АМИТ «Ховар»).- Ҷаласаи 6-уми гурӯҳи махсуси корӣ оид ба мусоидат ба сармоягузории Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) 16-17 марти соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Дар доираи ин ҷаласа 16 март ҳайати коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ ба раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷкистон Қодири Қосим вохӯрда, худи ҳамон рӯз ҷаласаи 6-уми гурӯҳи махсуси корӣ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ баргузор мегардад.
Рӯзи 17 март аз рӯи натиҷаҳои ин ҷаласа Протокол ба имзо мерасад. Инчунин дар доираи ин ҷаласа боздиди ҳайати коршиносон аз «Осорхонаи миллии Тоҷикистон » ва Маҷмааи «Кохи Наврӯз» ба нақша гирифта шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






