Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон
Душанбе, 20.03.2015. (АМИТ «Ховар», Бекназар Абӯбакр). — 19 марти соли ҷорӣ бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 12 Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ба кори худ оғоз намуд.
Ҷаласаро раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамраиси қисми тоҷикистонии комиссияи мазкур Қодири Қосим бо сухани муқаддимавӣ оғоз карда, ба ҳозирин оид ба раванди ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон ва самтҳои ояндаи ҳамкории ду кишвар маълумот доданд.
Ҳамзамон дар ҷаласаи мазкур муовини вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон, ҳамраиси қисми қазоқистонии комиссия Талгам Ахсамбиев сухан гуфт.
Тибқи маълумотҳои оморӣ дар соли 2014 ҳаҷми гардиши савдои Тоҷикистону Қазоқистон 858,8 млн. долл. ИМА-ро ташкил дод, ки аз он 177,7 млн. долл. ИМА-ро содирот ва 681,0 млн. долл. ИМА-ро воридот ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2013 афзоиши ҳаҷми умумии гардиши савдои байни ду кишвар 147,5 млн. долл. ИМА ё 20,7%, аз ҷумла содирот 92,2 млн. долл. ИМА ва воридот -55,2 млн. долл. ИМА-ро ташкил медиҳад.
Дар давраи солҳои 2007-2014 аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 522,7 млн. долл. ИМА сармояи хориҷӣ ҷалб гардидааст, ки аз он 105 млн. долл. ИМА сармояи мустақим ва 369 млн. долл. ИМА дигар намуди сармоягузориҳои аз ҷониби корхонаву ташкилотҳо ҷалбкарда ташкил медиҳад. Танҳо дар соли 2014 дар ҳаҷми 41,9 млн. долл. ИМА сармоягузорӣ ҷалб шудааст, дар ҳоле, ки ин нишондиҳанда дар соли 2013-ум 24,7 млн. долл. ИМА-ро ташкил медод.
Тибқи маълумотҳои равзанаи ягонаи ширкатҳои дорои сармояи хориҷии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 октябри соли 2014 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 84 корхона бо сармояи ҷониби қазоқистонӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар ҷаласа тарафҳо ба натиҷа расиданд, ки ҳамкориҳои худро дар соҳаҳои тиҷорат ва иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, муҳоҷирати меҳнатӣ, маориф ва илм, фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ, нақлиёт ва ҳифзи муҳити зист боз ҳам тақвият бахшанд.
Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа 20 март Протоколи ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ба имзо расид.








РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!






