Ҷамъбасти чемпионат оид ба шоҳмот дар «Литсейи Раҳнамо»
Душанбе, 30.03.2015.(АМИТ”Ховар”).-Ҷиҳати дарёфти шоҳмотбозони беҳтарин, мустаҳкам намудани робитаи дўстӣ ва рушди зеҳнии наврасон бахшида ба ҷашни Наврўз аз 24-уми март то 29-уми марти соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи шоҳмоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар «Литсейи Раҳнамо» чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот дар байни наврасон баргузор шуд.
Бозии шоҳмот аз ҷумлаи он намудҳои варзишест, ки барои рушди зеҳнии инсон кумак мекунад. Дар баробари ин, шахси шоҳмотбоз ҳозирҷавоб, кунҷков ва фикркунанда мешавад. Ин намуди варзишро «варзиши ақл» низ мегўянд. Бартарии дигари ин намуди варзиш дар он аст, ки дар тамоми синн ба ин бозӣ машғул шудан мумкин аст.
Дар мусобиқа 11 даста: 2 даста аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 2 даста аз вилояти Суғд, 2 даста аз ноҳияҳои тобеи марказ, 2 даста аз вилояти Хатлон (Қурғонтеппа ва Кўлоб), 3 даста аз шаҳри Душанбе иштирок намуда, шумораи умумӣ 120 нафарро ташкил дод. Чемпионат аз рўйи се намуди шоҳмот: классикӣ (аз як соат зиёд), рапид (зудбозӣ то 15 дақиқа) ва блитс (барқвор — то се дақиқа) гузаронида шуд.
Чемпионати ҷумҳуриявӣ дар толори литсей бо ҳунарнамоии дастаи ҳаваскорони «Литсейи Раҳнамо» ҷамъбаст гардида, аз тарафи намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Федератсия шоҳмоти Тоҷикистон ба ғолибони чемпионат диплому ифтихорномаҳо тақдим гардиданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






