Ҷамъбасти мусобиқаи вилоятӣ оид ба муштзанӣ

Март 2, 2015 14:20

Душанбе,02.03.2015 (АМИТ Ховар, Рафоати Абдулҳамид).- Аз 25 то 28 феврали соли 2015 дар толори варзишии «Ҷашнӣ»- и шаҳри Чкалов чемпионати вилоятӣ оид ба муштзанӣ (бокс) байни мардон ва бонувони аз 19 то 40 сола дар вазнҳои гуногун бахшида ба Наврӯзи байналмиллалӣ баргузор гардид.
Тавре ки Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар чемпионати мазкур зиёда аз 50 нафар варзишгари вилоят, дастаҳои шаҳрҳои Хуҷанд, Чкалов, Исфара, Истиқлол, Конибодом, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов ширкат варзид.
Дар байни мардон ҷойҳои намоёнро дар вазнҳои аз 45 то зиёда аз 100 кг 32 нафар варзишгар аз шаҳру навоҳии номбурда ишғол намуд.
Ҳамин тариқ, байни бонувон дар вазнҳои аз 50 то 64 кг Рухшона Бошмонова,  варзишгар аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Умедахон Зокирова ва Калиновская Вероника аз шаҳри Исфара, Фарзона Мамадҷонова аз шаҳри Чкалов, Наргиза Зокирова аз ноҳияи Ҷаббор Расулов сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
 
 
 
 
 

Март 2, 2015 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад