Ҷашни Наврӯз дар Вашингтон
Душанбе, 17.03.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дар бинои “Andrew Mellon Auditorium”-и шаҳри Вашингтон 14 март панҷсолагии таъсиси Комиссияи Наврӯз (The Nowruz Commission) бо тантанаи бошукӯҳ ва базми идона ҷашн гирифта шуд.
Дар чорабинии мазкур ходимони давлатии ШМА, гурӯҳҳои тиҷоратӣ, фарҳангӣ, корпуси дипломатӣ иштирок варзиданд. Зимни чорабинӣ Носир Каземинӣ, раиси Шӯрои директорони комиссияи мазкур Паёми табрикотии Президенти ШМА Барак Обамаро ба муносибати ҷашни Наврӯз ва панҷсолагии таъсиси Комиссияи Наврӯз ба меҳмонону иштирокчиёни чорабинӣ ироа намуд.
Бояд ёдовар шуд, ки кишварҳои мухталифи аъзои Комиссияи мазкур зимни чорабинӣ гӯшаҳои фарҳангӣ ҷиҳати муаррифии кишвари худ барпо намуданд. Миёни гӯшаҳои фарҳангии кишварҳо, гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон, ки бо нозукиҳои хусусиятҳои миллӣ ва суннатҳои наврӯзӣ оро дода шуда буд, аз ҷониби меҳмонони чорабинӣ ва аъзои Шӯрои директорони Комиссияи Наврӯз баланд арзёбӣ гардид. Инчунин дар ҷараёни чорабинӣ наворҳои видеоӣ оид ба ҷашни Наврӯз дар кишварҳои минтақа ба намоиш гузошта шуданд.
Ҳамзамон 15 марти соли 2015 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Вашингтон, Ҷамъияти тоҷикони Амрико (PTA) ва Ҷамъияти фарҳангии Тоҷикистону Амрико (TACA) иди Наврӯз тантанавӣ ҷашн гирифта шуд. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро хайрамақдам гуфта, бо иди баҳор табрик намуд.
Зимни чорабинӣ барномаҳои гуногуни ҳунарӣ, аз қабили намоиши либосҳо, расму оини миллии наврӯзӣ, рақсҳои миллӣ, шеърхонӣ дар васфи Наврӯз аз ҷониби наврасону иштирокчиёни ҷашн пешкаши ҳозирин шуд. Ба ғолибони барнома туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






