Ҷонибдории қонунҳои нав аз сӯи ММ МО ҶТ

Март 5, 2015 14:52

      Душанбе, 5.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Аъзои палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон дар ҷараёни иҷлосияи бистуякум, ки 5 марти соли равон дар Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ баргузор гардид, панҷ қонуни наву мукаммал- қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ», «Дар бораи нафт ва газ», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»-ро баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд.
     Зикр шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвакатура ва фаъолияти адвокатӣ», ки аз 7 боб ва 52 модда иборат аст, дар самти татбиқи ислоҳоти низоми судии кишвар нақши муассир хоҳад гузошт. Қонуни мазкур асосҳои  фаъолияти адвокатӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои адвокатҳо, таъсиси созмонҳои адвокатӣ ва принсипҳои онҳоро дар ҷумҳурӣ ба танзим дароварда, тибқи ин қонун дар Вазорати адлияи кишвар комиссияи тахассусӣ ташкил  мешавад. 
   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафт ва газ» асосҳои ҳуқуқиро  дар самти  сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши истихроҷи нафт ва газ, инчунин салоҳияти Ҳукумати ҷумҳуриро дар бахши тартиби истифодаи шоҳқубурҳои интиқоли нафт ва газ ба танзим медарорад. 
 
 

Март 5, 2015 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад