20 соли барқарории муносиботи дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Кувайт
Душанбе, 31.03.2015 (АМИТ «Ховар»).- Кувайт аз нахустин кишварҳои арабӣ аст, ки истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф кард ва 31 марти соли 1995 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт робитаҳои дипломатӣ барқарор шуданд.
Дар ин марҳила, ки пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ду кишвар эҳё шудаанд, ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ ва инсонӣ бемайлон рушду тавсеа меёбанд. Мулоқоту боздидҳои мутақобила дар сатҳҳои олию баланд, бахусус натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Кувайт моҳи июни соли 2013 ба тақвияти робитаҳои сиёсӣ ва таъйини самтҳои нави ҳамкориҳо такони ҷиддӣ бахшид. Кувайт яке аз шарикони муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи рушд мебошад ва дар татбиқи лоиҳаҳои мухталифи иқтисодию зерсохтории миллию минтақавии кишварамон фаъолона ширкат меварзад.
Тоҷикистон ва Кувайт ба таври фаъол дар ҳошияи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ низ ҳамкорӣ мекунанд.
Заминаи аҳдномавию ҳуқуқие, ки то имрўз ташаккул ёфтааст ва муносибатҳои дуҷонибаи моро танзим мекунад, барои татбиқи стратегияи ҳамкориҳои Тоҷикистону Кувайт дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, илму техника, иттилоот ва ҳамчунин тақвияти муколамаи сиёсии байни ду давлат имконияти мусоидро фароҳам овардааст.
Нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ байни ду кишвар ҳамчун механизми фаъол барои назорат ва пайгирии татбиқи созишномаҳо ва ташхиси самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба муҳим аст. Интизор меравад, ки ҷаласаи навбатии ин комиссия дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар Кувайт баргузор мегардад.
Ба муносибати 20 солагии робитаҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт моҳи апрели соли 2015 дар Кувайт як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд ва ин рӯйдоди таърихӣ ба рушди беш аз пеши муносибатҳои ду кишвар мусоидат хоҳад кард.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






