А.Нуралиев: Инъикоси масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар матбуот камтар аст
Душанбе, 11.03.15. (АМИТ ”Ховар”, Манижа Баҳромзода)- Имсол матбуоти тоҷик 103 -сола шуд. Дар тӯли фаъолияти худ матбуоти тоҷик ҳамчун воситаи муҳими иттилоърасонӣ дар инъикоси масъалаҳои муҳими дохилу хориҷи кишвар нақши муҳим дошта, дар ҳалли масоили гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии кишвар саҳми назаррас гузоштааст. Вобаста ба муваффақияти матбуоти тоҷик дар тӯли фаъолият ва камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт мусоҳибае доштем бо Абдусаттор Нуралиев-профессори кафедраи таърих ва назарияи журналистика ва ахбори электронии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, ки фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем:
«Ховар»: Нахуст мегуфтед, ки нақши матбуот дар фазои иттилоотии Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ мегардад?
А.Нуралиев: Мавқеъ ва нақши матбуоти мо дар фазои иттилоотии кишварамон хеле бузург ҳаст. Гарчанде теъдоди нашри матбуот дар кишварамон камтар бошад ҳам, аммо қисми зиёди аҳолӣ иттилооти таҳлилиро бештар аз матбуот дастрас мекунанд. Хусусан дар вақти корӣ аҳолӣ фурсати тамошои телевизион ва ё гӯш кардани радиоро надоранд, аз ин рӯ дар ин ҳол истифода аз матбуот хеле бамаврид ҳаст. Бояд гуфт, ки дар пешниҳоди иттилооти сареъ ва фаврӣ феълан нашрияҳои мо он қадар фаъолияти хуб нишон надода истодаанд, аммо бурди асосии матбуоти тоҷик пеш аз ҳама дар нашри маводи таҳлилӣ вобаста ба авзои ҷумҳурӣ, инчунин таҳлили масъалаҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Ин масъалаҳо хусусан дар нашрияҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум» ва «Азия плюс» хеле хуб инъикос мегарданд.
«Ховар»: Аз нигоҳи шумо матбуоти тоҷик дар тули фаъолияти худ ба кадом муваффақиятҳо ноил гаштааст?
А.Нуралиев: Агар нисбат ба 2 ё 3 соли охир муқоиса намоем, дар фаъолияти матбуоти тоҷик бартариҳо бештар ба мушоҳида мерасанд. Хусусан дар инъикос ва баррасии масъалаҳои доғи рӯз, аз қабили ифротгароӣ, терроризм, ҳодисаҳои охири дар Украина рухдода ва дигар масъалаҳои муҳими глобаливу минтақавӣ, ҳам матбуоти хусусӣ ва ҳам матбуоти давлатии мо тавонистаанд маводи хуби таҳлилиро ба табъ расонида, бо ҳамин талаботи хонандаро низ қонеъ гардонанд. Аммо дар баробари ин масъалаҳое низ ҳастанд, ки аз нигоҳи матбуот дур мондаанд.
«Ховар»: Пас имрӯз матбуоти тоҷик ҳамчун «Ҳокимияти чорум» кадом масъалаҳоро бояд бештар мавриди баррасӣ қарор диҳад?
А.Нуралиев: Дар матбуоти мо бахусус инъикоси масъалаҳои иҷтимоии кишвар кам ба назар мерасад, дар ҳоле, ки ин яке аз масъалаҳои аввалиндараҷаи Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ маҳсуб меёбад. Яъне инъикоси масъалаҳои мубрами рӯз дар фаъолияти матбуот он қадар ба талабот ҷавобгӯ нест. Матбуоти мо бештар кӯшиш мекунад, ки роҷеъ ба масъалаҳои сиёсӣ мавод омода кунад, аммо мутаассифона, масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба як масъалаи дуюминдараҷа мубаддал гаштааст, ки на ҳамеша инъикос мегардад. Хусусан хуб мешуд, агар матбуот пешрафти иқтисодиёти кишвар ва ҳамзамон камбудиҳои ҷойдоштаро дар ин самт пайгирӣ намуда, маводи хуби таҳлилӣ ба нашр расонад. Ба ин мисол шуда метавонад, пастшавии қурби асъор,ки бояд ҳамеша мадди назари матбуот қарор гирад, инчунин таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, ки яке аз воситаҳои пешрафти иқтисодиёти кишвар ҳаст.
Ёдовар мешавем, ки 11-уми март ҳамасола дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил карда мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯз соли 1912 нашрияи “Бухорои шариф” ба табъ расидааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






