Аъзои ММ пешниҳодоти Президентро ҷонибдорӣ менамоянд

Март 5, 2015 08:39

Душанбе, 05. 03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Имрӯз дар шаҳри Душанбе  иҷлосияи бистуякуми  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ё худ охирин иҷлосияи палатаи болоии Парлумони кишвар дар даъвати чорум баргузор мегардад.
Интизор меравад, ки аъзои Маҷлиси миллӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти  адвокатӣ», «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» ва «Дар бораи нафт ва газ»-ро  баррасӣ ва ҷонибдорӣ хоҳанд кард. Инчунин баррасии  дигар масоили марбут ба рушди  ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат ва ҷонибдории як силсила пешниҳодҳои  Президенти кишвар дар назар аст.

Март 5, 2015 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст