Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Кувайт

Март 31, 2015 09:39

Душанбе, 31.03.2015. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
 
«Волоҳазрат,
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.
 
Хушҳолам табрикоти самимии худро ба муносибати 20-солагии барқарор гаштани муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Кувайт ба Шумо, Волоҳазрат, иброз намоям ва аз даргоҳи Худованди мутаол ба Шумо сиҳҳатии комил ва дар амри идомаи раҳбарии хирадмандона ба Давлати Кувайт муваффақият орзу намуда, ба мардуми бародари он истиқрору субот, пешравӣ ва шукуфоӣ таманно намоям.
 
Аз барпо намудани робитаҳои дипломатӣ миёни кишварҳои мо ва эҳёи пайвандҳои таърихии мардумонамон 20 сол сипарӣ шуд. Ин марҳалаест, ки шоҳиди саъю кӯшишҳои бедареғи ҳар ду ҷониб гашта, натиҷаву самараи он дар роҳандозии муносибатҳои дуҷониба ва муколамаи сиёсии сатҳи баланди ду кишвар якҷо бо мавқеъгириҳои муштарак нисбат ба қазияву навгониҳои байналмилалӣ таҷассум меёбад. Ин амрест, ки азми мутақобилаи моро дар роҳи ниҳодани гомҳои устувор ҷиҳати тавсеаи дурнамои ҳамкориҳои муштарак дар тамоми самтҳо инъикос намуда, ба нафъи муштараки мо хоҳад буд.
 
Лутфан эҳтиромоти фоиқаи инҷонибро бипазиред».

Март 31, 2015 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад