Барқияи тасаллият ба Кантслери Федеролии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Ангела Меркел
Душанбе, 25.03.2015 (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Кантслери Федеролии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Ангела Меркел барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
“Хонуми Олиҷоҳ,
Хабари ба садамаи ҳавоӣ дучор шудани ҳавопаймои мусофиркаши ширкати ҳавопаймоии олмонӣ дар қаламрави Фаронса ва дар натиҷаи он ба ҳалокат расидани теъдоди зиёди мусофирон аз кишвари Шумо моро сахт андӯҳгин кард.
Аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқи худро бо ин талафоти гарон ба мардуми дӯсти Олмон баён намуда, хоҳишмандам тасаллиёти самимии моро ба наздикон ва пайвандони фавтидагон лутфан бирасонед”.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






