Баргузории намоиш ва фурӯши ниҳолҳо дар Хуҷанд
Хуҷанд, 03.03.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-28 феврал дар назди Театри ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ярмарка — фурӯши ниҳол ва дигар зироатҳои кишоварзӣ баргузор гашт. Чорабинии мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бахшида ба фасли баҳор ва оғози мавсими кишту кор доир гашт.
Дар чорабинии мазкур, ки хоҷагидорону кишоварзони 12 шаҳру навоҳии вилоят ширкат доштанд, зиёда аз 900 ҳазор бех ниҳоли мевадиханда, сояафкану ороишӣ, ток ва гулу гулбуттаҳо, инчунин наздик ба ҳазор тонна тухмиҳои сабзавоту гулҳо пешкаши харидорон гардонида шуданд. Ҳамзамон аз ҷониби олимону мутахассисони соҳа роҷеъ ба парвариши ниҳолҳо ва зироатҳо нуқтаҳои маслиҳатӣ низ ташкил шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






